Дар Кӯлоб мактаббачагон таътили зимистонаро бо тамошои намоишномаҳои театрӣ мегузаронанд
Кӯлоб, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо оғоз гардидани таътили зимистонаи мактаббачагон шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо барои хушу гуворо гузаштани таътил чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзиширо роҳандозӣ намудаанд, ки ба онҳо аксари муҳассилин ҷалб мешаванд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб таътили зимистонаро аз тамошои намоишномаҳои гуворо дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода оғоз карданд. Ба гуфтаи хунарманди театри мазкур Сафаралихон Мадалиев театр барои тамошобинони наврас якчанд намоишномаро омода кардааст. Тибқи иттилои кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб таътили зимистонаи бачагон хотирмон мегузарад, зеро барои хуш гузаштани он ҳамаи тадбирҳо андешида шудаанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






