Дар «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи ҶТ» дастгоҳи даруннигарии капсулӣ насб гардид
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо шарикон ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла ташхиси фаросавтӣ, рентгени рақамии сайёр, сабти барқии кори дил ворид ва насб шуданд. Ин нуктаро имрӯз, 13 январ зимни нишасти матбуотӣ муовини авали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобоҳоҷиева ироа намуд.
Бино ба гуфтаи вазир дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастгоҳи даруннигарии капсулӣ насб гардида, моҳи марти соли 2015 омӯзиши мутахассисон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дода шуд.
“Дар муассисаи мазкур усули дигари нодири ташхисию мониторингии раванди табобат — тести нафасии яккаратаи муайян кардани хеликобактер дар меъда ворид карда шуд”,-илова намуд Л. Бобоҳоҷиева.








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






