Дар Тоҷикистон никоҳи хешутаборӣ тибқи қонун манъ гардид
Душанбе, 13.01. 2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли равон никоҳи байни хешовандони наздик байни фарзандону бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, байни тағову ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода манъ карда шуд.
Дар ин бора имрӯз палатаи поёнии Парлумони кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.
Дар назди вакилони мардумӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло ва вакили мардумӣ Гулбаҳор Ашурова баромад намуда, иброз намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандагон пеш аз бастани ақди никоҳ барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 баён гардидаанд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 15 Кодекси оилаи ҶТ-ро вазири тандурустӣ Нусратулло Салимзода- ин ворид намудани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ва онҳоро бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос кардан арзёбӣ намуд. Инчунин дар моддаи 14-и кодекси мазкур ворид шудааст, ки агар шахсоне ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, ҳуқуқ ба бастани никоҳ надоранд.
Н. Салимзода иттилоъ дод, ки тибқи омори расмӣ то 1-уми январи соли 2016 шумораи кӯдакони маъюб 25 ҳазору 328 нафар ё 0,8 %-и умумии кудакони синни то 18 соларо ташкил медиҳад. Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисони соҳа маълум гашт, ки дар 30-35 %-и ҳолатҳо сабаби тавлиди кӯдакони маъюб никоҳи хешу табории наздик мебошад. Шумораи зиёди кӯдаконе, ки гирифтори бемории чашм, гӯшу бинӣ ва нутқ буда, аз никоҳи хешу табории наздик ба дунё омадаанд, ба теъдоди умумии кудакони маъюб шомил нагардидааст.
Ба гуфтаи вазири тандурустӣ падидаи ташвишовар он аст, ки 40-50 фисади оилаҳои аз никоҳи хешу таборӣ наздик аз ду то чор фарзанди маъюб доранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






