Дар вилояти Суғд ду ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор шуд
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Шабонарӯзи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуданд
12 феврали соли 2014 дар қасабаи 12 шаҳри Хуҷанд сокини 35-солаи маҳаллӣ О.Р. дастгир шуд, ки кормандони фаврӣ аз ӯ маводи нашъаовари ҳашишро дар ҳаҷми калон ошкор намуданд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ ҳаммаслаки ин ҷиноят сокини 55-солаи Хуҷанд дастгир шуд. Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ӯ пештар се маротиба суд шуда будааст — бори аввал соли 1980 барои авбошӣ, соли 1983 боз барои авбошӣ, бори сеюм — соли 2002 барои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.
Боздошти дуюм 25 феврал ҳангоми гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳи нақлиётии “Роҳи Абрешим” дар қасабаи 34-и шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид, ки зимни азназаргузаронии шахсӣ аз сокини 48-солаи ноҳияи Мастчоҳ маводи хамирмонанди ҷигарии дорои бӯи махсус мусодира шуд.
Мутобиқи хулосаи ташхис маводи нашъаовар афюн буда, вазни он 3 кг 389 граммро ташкил менамояд.
Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






