ДДЗТ: «Эмомалӣ Раҳмон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва кафили сулҳу субот»
Душанбе, 23.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ бедор намудани ҳисси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои он, пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи ҳомии сулҳу субот, Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон ва шинохти Пешвои миллат ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи Тоҷикистон аст»,-иброз дошт ректори ДДЗТ Қосимзода Идигул зимни конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва кафили сулҳу субот» баргузор гардид.
«Даҳсолаҳо не, балки садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо хоҳанд гузашт, аммо хизматҳои шоёну барҷастаи Сарвари давлати тоҷикон барои халқу миллати тоҷик, дар саҳифаҳои таърихи он бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, корнамоӣ, ҷонфидоӣ ва заҳмату талошҳои ин марди абарқудрат барои муттаҳидсозии миллати тоҷик ва ривоҷу равнақ додани давлати тоҷикони ҷаҳон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нагардида, ба мисли дигар фарзандони шинохтаи ин сарзамин номи ӯ абадан дар ёди ҳар як тоҷики меҳандӯст ҷой хоҳад гирифт»,- зикр дошт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов дар конфронс.
«Нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар байни давлатмардони таърихӣ бениҳоят бузург, таърихӣ ва сазовори қадршиносӣ дар доираи талаботи қонуне аст, ки барои наслҳои оянда бояд чун шаҳодати ҳам рӯзгори талх, ҳам давлатдорӣ ва ҳам созандагиву муттаҳидии мардуми мо ҷовидона бимонад. Агар устод Рӯдакӣ пояи назми адабии форсу тоҷикро пас аз хилофат эҳё карда бошад, Исмоили Сомонӣ дар заминаи решаҳои давлатдории қадимии форс бунёди давлати муттамаркази тоҷикро ба вуҷуд оварда бошад, агар устод С. Айнӣ забону адабиёти тоҷикро пас аз қарнҳои фаромӯшӣ дар саҳнаи илми адаб ворид карда бошад, пас Эмомалӣ Раҳмон мардумро аз нестшавӣ, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз завол наҷот дод»,-гуфт Холиқзода Абдураҳим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар конфронси ҷумҳуриявӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






