Девид Камерон ба муҳоҷирон: Забони англисиро омӯзед, вагарна дар Бритониё боқӣ нахоҳед монд
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Сарвазири Бритониё Девид Камерон бо хитоб ба муҳоҷирон таъкид кард, ки сатҳи дониши забони англисиашонро хуб кунанд, вагарна дигар ба онҳо иҷозаи ҳузур дар Бритониёро нахоҳад дод.
Девид Камерон зимни мусоҳибае бо рӯзномаи «The Times» изҳор намуд, аллакай вақти он расидааст, ки бо ҷараёнҳои гуногун, ки ақаллиятҳои хурде аз мардон бо равиши «ҳокимияти озордиҳанда» нисбат ба занон ба он даст мезананд, мубориза кард. Сарвазири Бритониё барои амалӣ намудани ин ҳадаф фонди махсусе бунёд кардааст, ки дороиаш дар айни ҳол 28, 5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ӯ ишора намудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз миёни190 000 зани мусалмон, ки дар Бритониё зиндагӣ доранд, 20 фоизи онҳо забони англисиро намедонанд ва ҳол он ки тӯли чанд сол аст, ки онҳо дар ин кишвар иқомат доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






