Оғози ҷаласаи муштараки ММ ва МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 20, 2016 09:20

Душанбе, 20.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-20 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум оғоз гардид.
Ҷаласа дар ҳамраисии раисони палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони кишвар -Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров ҷараён гирифта, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзномаи ҷаласаро ки фарогири як масъала -ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буд, тасдиқ карданд.
Баъдан аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба сӯи «Кохи Сомон» раҳсипор гардиданд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, баромад менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки расо соати 10:00 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути тамоми шабакаҳои радиоӣ ва телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад.

Январь 20, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад