Дуздии хонандагони Конибодом ошкор гардид
Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ ду навраси 16-солаи сокинони шаҳри Конибодом, хонандагони мактаби таҳсилоти умумиро дастгир намуданд.
Наврасон шаби 28 ба 29-уми декабри соли 2015 бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор, сокини 23-солаи шаҳри Конибодом шуда, аз он ҷо якчанд намуд телефони мобилии гуногунтамға ба маблағи 10 ҳазору 645 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз кормандони милитсия тавонистанд як ҷинояти дуздии дигарро ошкор намоянд. Шаби 23 ба 24-уми ноябри соли 2015 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ Софтлаб, воқеъ дар шаҳри Душанбе шуда, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф)-и коргоҳ 1850 доллари амрикоӣ, 6 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ 247 ҳазор (247000) сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳамчун гумонбар дар ҷинояти дуздӣ ду ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе дастгир шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






