Э. Раҳмон: Ба истифодаи техникаю таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод

Январь 20, 2016 12:27

Душанбе, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар») .- «То ба имрӯз ҳаҷми неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда барои таъмин намудани инкишофи устувори иқтисодиёт кифоят намекунад. Аз ин хотир моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан ба истифодаи техникаю таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем»,-гуфт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 20 январ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари кишвари тоҷикон илова намуд, ки соли 2016 нақша дорем дар ҳаҷми 300 мгВт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. «Вале дар баробари ин мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави корхонаҳои саноатиро ба 350 мгВт мерасонем. Ҳаҷми истеҳсоли қудрати нав ва корхонаҳои саноатие, ки бунёд мекунем, басандагӣ намекунад. Мо бояд ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва иқтидори содиротии мамлакатро баланд бардорем»,- гуфт Пешвои миллат.
Ҳарчанд ки дар кишвари мо истихроҷи нафту газ ва коркарди маводи сӯзишворӣ хеле кам аст, захираҳои гидроэнергетикӣ ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад.

Январь 20, 2016 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад