Э. Раҳмон: «Офатҳои табиии рухдода ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд»
Душанбе, 20.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Соли гузашта бо сабаби идома ёфтани тамоюли манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар паст рафта, таъсири омилҳои берунӣ ба пули миллӣ зиёд гардид. Илова бар ин офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар вилояти Бадахшон, дар ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Хатлон ба иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд»,-зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ.
Ба гуфтаи Сарвари давлат танҳо аз ҳисоби сард омадани ҳаво аз вилояти Суғд содироти қариб 100 ҳазор тонна меваи хушк ва 600 ҳазор тонна меваи тар ғайриимкон гардид.
«Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хаттҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд»-, илова намуд Пешвои миллат.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид






