Э. Раҳмон: «Соли 2015 дар маҷмӯъ соли бобарор буд, вале соли 2016 аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ дар кулли ҷаҳон душвор хоҳад буд»
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар маҷмӯъ соли бобарор номида, таъкид дошт, ки соли 2016 аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ дар кулли ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли душвор хоҳад буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чунин ҳушдор додан аз давлату Ҳукумат ва ҳар шахси масъул даъват кард, ки барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин дигар захираҳои моддию техникӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар пайваста чораҳо амалӣ карда шаванд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд






