Эҳёи ҳунарҳои дастӣ дар манотиқи шаҳри Қурғонтеппа
Қурғонтеппа, 08.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» тасмим гирифтааст ба воситаи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар минтақаи Қурғонтеппа байни занҳои хонашин эҳёи хунарҳои дастиро ба роҳ монад.
Дар ин бора Санавбар Имомназарова, раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» дар ноҳияи Шаҳритус иттилоъ дод, ки имрӯз занҳо ба бофтани гилемҳои дастӣ машғуланд ва бо гузаронидани чандин машварат аз тарафи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон доир ба дизайн ва зинда кардани нақшу нигори мардумӣ якчанд намуд гилеми дастӣ омода гардида, ба фурӯш бароварда шудааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи Санавбар Имомназарова таваҷҷуҳи харидорон ба ин гуна маҳсулот зиёд гардида, нархи гилемҳо аз 120 то 180 сомониро дар бар мегирад. Ҳоло Ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» тавассути Фейсбук фармоишҳоро қабул намуда, маҳсулоти худро берун аз кишвар низ ба фурӯш бароварда истодааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






