Филми ҳунарии «Кин» ба саҳнаи синамо омад
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Достони филми «Кин» аз рӯзгори як корманди бонк бо номи Фарҳод оғоз мегардад. Як гурӯҳ аз ҷинояткорон ӯро маҷбур месозанд, ки аз бонк ба онҳо пули зиёдатӣ диҳад. Дар ин миён писари Фарҳод бо номи Беҳрӯз ба хизмати ҳарбӣ меравад. Падараш оз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон бо туҳмати ногаҳонӣ зиндонӣ мегардад. Модараш ин дарду ғамро бардошт накарда, аз фироқи ҷудоиву танҳоӣ аз олам мегузарад. Баъд аз гузашти 2 сол Беҳрӯз аз хизмати ҳарбӣ баргашта, тасмим мегирад, ки қасоси падарашро аз душманон ситонад. Ӯ барои шикаст додани душманон бо ёрии дӯстонаш сирру асрори онҳоро омӯхта, акнун мехоҳад бегуноҳии падари хешро дар назди кормандони полис исбот намуда, бо ёрии онҳо мақсади худро амалӣ созад. Оё Беҳрӯз дар ин мубориза ғолиб мебарояд? Инро баъди тамошои филм маълум хоҳед кард.
Филми мазкур аз рӯйи филмнома ва коргардонии Саидмурод Одина бо продюсерии Музаффар Шодиев таҳия шудааст. Нақшҳои асосиро Музаффар Шодиев, Нодира Исоева, Шералӣ Абдулқайс, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон иҷро намудаанд. Бисёр аз ҳунармандони филми ҳунарии «Кин» аз рӯйи достони филм нақши худро адо намудаанд, ки ин барои тамошобин хеле ҷолибу ҷозиб аст. Филми ҳунарии «Кин» соли 2015 дар мавзеъҳои зебоманзари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи эчодии синамосози Музаффар Шодиев дар жанрҳои экшн, триллери-ҷангӣ ва тахайюли саргузаштӣ наворбардорӣ шудааст. Маблағи харҷшудаи филм то ҳол маълум нест. Ҳаҷми умумии филм 150 дақиқаро ташкил мекунад. Филми мазкур дар Тоҷикистон мавриди намоиши умум қарор гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






