Гумрук: Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли 2015 17,9% коҳиш ёфтааст

Январь 26, 2016 08:39

Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли 2015 маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 3 434,9 млн. доллар ба воридот ва 891,3 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридот 863,1 млн. доллар, яъне 79,9% ва  содирот  79,4 млн. доллар кам гардида, 91,8%-ро ташкил додааст. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.

Дар содирот вазни қиёсии асосиро алюминии аввалия, нахи пахта, маъданҳо ва консентратҳо, маҳсулоти меваю сабзавот, пӯст ва дар воридот  мавқеи асосиро маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, оксиди алюминӣ (глинозем), чӯбу тахта, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гандум, равғани растанӣ, шакар, орд, нуриҳои минералӣ ва семент ташкил медиҳанд.

Дар ин давра тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 2 045,1 млн. доллар ё 47,3% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба маблағи 380,7 млн. доллар ё 15,7% кам гардидааст. Аз ин маблағ 226,7 млн. доллар ба содирот ва 1 818,4 млн. доллар ба воридот мансуб аст.

Дар умум ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 28,7%, Швейтсария 23,1%, Қазоқистон 16,4%, Эрон 6,7%, Русия 6,4%, Афғонистон 6,4%, ва Покистон 2,6% марбут мебошад.

Воридоти асосии мол ба мамлакатҳои Русия 30,5%, Чин 22,2%, Қазоқистон- 16,2%, Туркия 3,9%, Эрон 3,6%, Туркманистон 3,1%, Швейтсария 3,1%, Литва 2,4%, Покистон 1,2% ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,2% рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2015 нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 17,9% коҳиш ёфтааст.

 

 

Январь 26, 2016 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид