Х. Ибодзода: Дар самти обуҳавошиносӣ пешгўии саривақтии маълумот таъмин гардидааст
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Ибодзода Хайрулло, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обуҳавошиносӣ пешгўии саривақтии маълумот таъмин гардида, 273 пешгўии шабонарўзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии онҳо ба 88% баробар буда, нисбат ба соли 2014 2% зиёд мебошад. Аз 52 шабакаи обуҳавосанҷӣ маълумоти фаврӣ дар вақтҳои муайяншуда ворид гашта, 121 пешгўии 2-3 шабонарўзӣ тартиб дода шуданд, ки дурустии пешгўиҳо барои 2 шабонарўз 82% ва барои 3 шабонарўз 83%-ро ташкил дод. Инчунин 26 пешгўии зуҳуроти хавфноки метеорологӣ пешниҳод шуд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






