Ҳамкории Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон бо «Бунёди байналмиллалии Пушкин» ва Маркази нашриявии «Классика»-и Русия
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Чанд рўз пеш директори «Бунёди байналмилалии Пушкин», ҳамзамон муовини роҳбари Маркази нашриявии «Классика» дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Панкратов Александр Сергеевич бо роҳбаладии котиби масъули рўзномаи «Хатлон» Саттор Қарахонов ба Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, меҳмон ба хазинаи нусхаҳои ҳатмии муассиса 2 нусха китоби шеърҳои М.Ю. Лермонтов, ки бахшида ба 200-солагии шоир соли 2014 рўи чоп омадааст ва 1 нусха китоби Б. Заболотских «Книжная Москва»-ро туҳфа намуд.
Моҳи сентябри соли 2013 аз тариқи Сафорати Тоҷикистон дар Русия «Бунёди байналмиллалии Пушкин» ва маркази нашриявии «Классика» ба хазинаи китобии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш.Шоҳин 200 нусха китобҳои шоиру нависандагони классики рус, ба монанди Пушкин, Гогол, Тютчева, Салтиков- Шедрин, Толстой, Чехов Есенин ва дигаронро туҳфа намуда буданд.
Маъмурияти китобхонаи мазкур ҳамчун арзи сипосу эҳтироми баланд аз ҳамкории дуҷониба барои пуррагардонии хазинаи китобхона бо асарҳои шоиру нависандагони классики рус ба Панкратов Александр Сергеевич девони «Рубоиёти Хайём» -ро бо забони тоҷикӣ ва тарҷумаи русӣ тақдим намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






