Хатлон: Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Аз ҷониби мутахассисони маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон дар соли 2015 беш аз 8 ҳазор озмоиш: 6511 ҳолат ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, 940 санҷиши маҳсулоти сохтмонӣ, 476 ташхиси маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ, 74 ҳолати ташхиси нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ гузаронида ва дар 346 ҳолат маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуд.
Д. Пирназаров, роҳбари маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 гуфт: “Барои бе сертификат ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлаташон гузашта нисбат ба 319 шахси масъули субъектҳои хоҷагидор парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, дар натиҷаи 1981 санҷиши давлатӣ дар 427 ҳолат амрияи манъ ва дар 496 маврид амрияи ислоҳи камбудиҳо дода шуд ва 28 ҳазору 272 воситаи ченакӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Инчунин 34 дастгоҳи радарии кормандони БДА аз ҷониби мутахассисони «Тоҷикстандарт» мавриди таҳлил қарор гирифта, муайян гардид, ки 7 адади он дуруст кор намекунад, яъне суръати ҳаракати мошинҳоро дақиқ нишон намедиҳад”.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






