Хатлон: Заҳматкашони Бохтар сазовори ҷойи аввал гардиданд
Душанбе, 4.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Заҳматкашони ноҳияи Бохтар барои комёбиҳои бузургашон дар соли 2015 сазовори ҷойи аввал, ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон ва мукофоти пулӣ — 20 ҳазор сомонӣ гардиданд. Заҳматкашони ноҳияи баландкӯҳи Шӯрообод сазовори ҷойи дуюм, ифтихорномаи раиси вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ шуданд. Ҷойи сеюм ба меҳнаткашони шаҳри Сарбанду ноҳияи Вахш муносиб дониста шуд. Онҳо низ бо ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофоти пулӣ-10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ мукофотҳоро дар вазъияти тантанавӣ дар толори Кохи ба номи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа ба раисони шаҳру ноҳияҳои ғолиб супурд. Ҳамчунин ӯ ба 75 кишоварзи беҳтарини вилоят, собиқадорони меҳнат ва рӯзноманигороне, ки дар инъикоси заҳмати деҳқонон саҳм гузоштаанд, мукофотҳои пулию молӣ ва сипосномаҳои раиси вилоятро тақдим намуд.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид






