Хуҷанд: Бунёди макони истироҳатию фароғатӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолият

Январь 13, 2016 16:01

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз як макони истироҳатию фароғатӣ дар мавзеи «Панҷшанбе» -и шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аз лоиҳа ва нақшаи бунёди ин мавзеи фароғатӣ дидан намуд. Дар асоси нақшаи мазкур дар шафати ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сохтмони фаввора бо гулгашту макони фароғатии сокинону меҳмонони шаҳр сохта хоҳад шуд.
Фаввораи навбунёд дар масоҳати 12 метри мураббаъ сохта шуда, баландии он ба 8 метр хоҳад расид. Лоиҳакашон пешниҳод намуданд, ки чароғакҳои фаввораи мазкур бо 7 ранги пурҷило оро дода шуда, дар атрофи он нишастгоҳи дамгирӣ, чароғҳои равшанидиҳанда насб шавад. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки ба гулзору сабзпӯш намудани ин мавзеъ ва навсозии роҳрави атрофи фаввора эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Маблағгузории корҳои сохтмонию навсозӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, иҷрои корҳоро Идораи сохтмонии «Сохтмон-1» ба анҷом мерасонад.
Пешбинӣ мешавад, ки макони нави фароғатӣ дар арафаи таҷлили рӯзҳои Наврӯзи соли 2016 мавриди истифода қарор гирад.

Январь 13, 2016 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон