И. Гулов: «Ҳаҷми умумии гардиши моли савдои чакана ва хӯроки умумӣ ба 86,2 млн. сомонӣ расонида шуд»
Душанбе, 22.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Аз ҳама намуди андоз ба буҷети кишвар зиёда аз 31,6 млн. сомонӣ пардохт шуда, даромади умумии нақшавии бадастомада 97,0 млн. сомониро ташкил намуд. Ҳаҷми умумии гардиши моли савдои чакана ва хӯроки умумӣ ба 86,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки аз он муомилоти молии муассисҳои хӯроки умумӣ 20,4 млн. сомониро ташкил медиҳад»,- чунин иброз намуд муовини раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Иброҳим Гулов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Тавре ки роҳбарияти ин ниҳод зикр кард, соли 2015 корхонаҳои истеҳсолии соҳа ба маблағи 10,8 млн. сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд, ки 10,2 млн. сомонии он истеҳсоли маводи хӯрокӣ мебошад.
Дар бозорҳои соҳа дар соли ҳисоботӣ ба аҳолӣ ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шуда, ҳаҷми пардохти доимии яквақта 9,8 млн. сомониро ташкил намуд. Иҷорапулӣ дар бозорҳо ба 7,2 млн. сомонӣ расонида шуд. Даромади умумии бозорҳо аз 3 намуди асосии фаъолият 21,5 млн. сомониро ташкил дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






