Ҷ. Ғиёсов: 662 миллиону 416 ҳазору 339 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ 137 ҳазору 135 маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 537 миллиону 514 ҳазору 911 сомониро ташкил дод. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои баргузории маърака ба ҳисоби миёна 8750 сомонӣ рост меомад, ки барои баргузории 137 ҳазору 135 маърака 1 миллиарду 199 миллиону 931 ҳазору 250 сомонӣ маблағ лозим меомад. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра 662 миллиону 416 ҳазору 339 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст»,-изҳор дошт Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ҳамчунин ӯ афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба кумита аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 4403 ҳуҷҷат ворид гардидааст. Дар ин давра ба 1629 ҳуҷҷат ҷавоби расмӣ ирсол гардида, 2602 ҳуҷҷат барои маълумот ва корбарӣ истифода шудааст ва 172 ҳуҷҷати дигар дар истеҳсолот мебошад.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






