Кӯлоб: Кумак бо кӯдакони маъюб
Кӯлоб, 04.01.2016. (АМИТ «Ховар»)- Дар рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мавҷи Истиқлол» ба 160 кӯдаки маъюби ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» дар шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои солинавӣ такдим шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 520 нафари маъюб зиндагӣ мекунанд, ки пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ба нафарони дорои имконияти маҳдуд дар коргоҳ ва хона хизмат мерасонад. Ба ин гуруҳи шахсон, ки дар муҳити хона ба табобат ва хизматрасонӣ фаро гирифта шудаанд, туҳфаҳо расонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






