Конфронс: «Сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 25.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — чунин унвон дошт конфронси илмӣ- амалӣ, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.
Конфронс ба 25- солагии Истиқлолияти кишвар бахшида шуда, ҳадаф суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмиллалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва ба рақобати бозори меҳнат омода намудани мутахассисон мебошад.
Дилафрӯз Сангинова, ректори донишкада иброз намуд, ки баргузории чунин конфронсҳо ба беҳдошти сифати таълим дар мактабҳои олии кишвар мусоидат намуда, ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар Паёми имсола се самти стратегии кишвар-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ махсус зикр шуда, Сарвари давлат вобаста ба таҳавуллоти сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ аз кулли маорифчиён, масъулини мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ даъват ба амал овард, ки дар самти забономӯзӣ ва огоҳ будан аз навигариҳои илму техника фаъол бошанд.
Дар кори конфронс намояндагону роҳбарони мактабҳои олии кишвар ва олимону донишҷӯён ширкат намуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






