«Кор бо захираи кадрҳо дар мақомоти давлатӣ қаноатбахш роҳандозӣ нашудааст»-Директори Агентии хизмати давлатӣ
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ, ки имрӯз, 12 январ баргузор гардид, таъкид шуд, ки дар соли 2015 тибқи талабот 2 ҳазору 742 нафар (занон — 935 ё 34,1 фоиз) ба рўйхати кадрҳои захира дохил карда шуд, ки аз ин 862 нафарро ҷавонони то 35 — сола (31,4 фоиз) ва 289 нафар (33,5 фоиз)- ро занони то 35 — сола ташкил медиҳанд.
“Дар ин давра мақомоти давлатӣ ҳамагӣ 25 (занон — 5) нафар хизматчии давлатиро аз захираи кадрҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудаанд, ки аз фаъолияти нокифояи онҳо дар ин самт дарак медиҳад. Кор бо захираи кадрҳо дар мақомоти давлатӣ қаноатбахш роҳандозӣ нашудааст”,-иттилоъ дод директори агентӣ Ҷ.Давлатов.
Бино ба гуфтаи директори агентӣ, оид ба ҳолати кор бо захираи кадрҳо, ҷойивазкунӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, гузаронидани аттестатсия ва озмунҳо гузоришҳои таҳлилӣ омода шуда, барои ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти давлатӣ ирсол гардиданд.
“Дар соли 2015 Агентии хизмати давлатӣ 1 ҳазору 19 нафар хизматчии давлатиро барои такмили ихтисос дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд, ки аз ин теъдод 384 нафар ё 37,6 фоизро занон ташкил медиҳанд”,-илова намуд Ҷумъа Давлатов.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






