Кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин ба тамошои “Сареву савдое” рафтанд
Душанбе, 19.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-16-уми январи соли 2016 роҳбарият ва кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони соҳа ва ходимони дин ба Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои тамошои намоишнома рафтанд. Ҳунармандони театр саҳнаи “Сареву савдое”-ро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби тамошогарон мавриди пазириш қарор гирифт. Намоишномаи мазкур ба масъалаи сарфу харҷи беҳуда барои баргузории ҷашну маъракаҳо бахшида шуда буд. Аз ин лиҳоз, дар ин намоишгоҳ, ки дар баробари кормандони соҳа имомон ва имомхатибони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб дар қатори тамошобинон буданд, намоишномаи мазкурро дар самти фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мардум муассир арзёбӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки кормандони соҳа дар гузашта низ аз тамошои намоишномаҳои хубе дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бархурдор гашта буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






