Кумаки ДДҚ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷ. Румӣ
Душанбе, 04.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Масъулини Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз вазъи зисту таъминоти тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҷойгир аст, дидан намуданд. Тавре ки раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Маҳмадкарим Шарифов хабар дод, раёсат, созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон доиман ба вазъи хониш ва таъминоти тарбиятгирандагони ин муассиса таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
— Навбатҳои пешин мо дар таъмини хобгоҳи ин муассисаи таълимӣ бо кату рахтҳои хоб ҳиссагузорӣ намудем, ҳамчунин бо иштироки роҳбарият ва профессорони донишгоҳ чорабинии маърифатии “Шоми Истиқлол”-ро доир намудем. Ин навбат дар мувофиқа бо масъулин ва бо назардошти ниёзҳои ин муассисаи таълимӣ донишгоҳ тасмим гирифт, ки дар таъмини таҷҳизот барои ошхона ҳиссагузорӣ намояд- изҳор дошт М. Шарифов.
Донишгоҳи давлатии Курғонтеппа ба номи Носири Хусрав мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳияи Ҷалолиддини Румиро расман ба сарпарастӣ гирифта, дар беҳ намудани вазъи таъминоту таълими тарбиятгирандагони он саҳм дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






