Кумитаи дин: 228 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ таҳсили ғайрирасмӣ доранд
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас намуд»,-зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ имрӯз муовини аввали раиси кумитаи мазкур Ҷумъахон Ғиёсов.
Маълум гардид, ки 3233 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамудаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то дастур 1947 нафар ва баъди дастур 1059 донишҷӯ баргаштанд. Дар маҷмӯъ 3006 донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод, 57 нафарашон дубора ба ҷои таҳсили пешинаашон баргаштанд. Вале новобаста аз кӯшишҳои кумита, ҳанӯз ҳам шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо роҳҳои гуногун ба хориҷа барои гирифтани таълими динӣ мераванд.
Ҳоло тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 228 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсилоти ғайрирасмии динианд.








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






