Л. Мӯсоева: Талаботи ҳатмӣ барои ваколатнома–ин нишон додани санаи анҷоми ваколатнома аст

Январь 9, 2016 08:11

Душанбе, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). – Ваколатнома- ин ҳуҷҷате аст, ки аз ҷониби як шахс ба шахси дигар барои пешниҳод намудан дар назди шахси сеюм дода мешавад. Вобаста ба додани ваколатнома,  муҳлат ва қатъи он бо  нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лайлӣ Мусоева ҳамсуҳбат шудем.

«Ховар»:  Ба хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» дар мавриди мафҳуми ваколатнома маълумот медодед.

Л. Мусоева:  Ваколатнома  ин аз ҷониби як шахс (ваколатдиҳанда, вакилкунанда) ба шахси дигар (намоянда) додани ваколати хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахсони сеюм, ки дар он ваколати намоянда барои ба ҷо овардани аҳд ва дигар амалҳои ҳуқуқӣ аз номи ваколатдиҳанда (вакилкунанда) қайд шудааст, дониста мешавад.

Ваколатномаро аз номи як ё якчанд шахс ба номи як ё якчанд нафар додан мумкин аст. Ваколатнома аҳди яктарафа мебошад, бинобар ин розигии намоянда барои ба ҷо овардани он талаб карда намешавад. Вале намоянда аз иҷрои ин ваколаташ ҳар вақт ҳуқуқи даст кашидан дорад, ки ин боиси қатъ гаштани амали ваколатнома мебошад.

«Ховар»: Кадом намудҳои ваколатнома вуҷуд доранд?

 Л. Мусоева: Вобаста ба мазмун ва ҳаҷм ваколатнома ба якчанд намуд ҷудо мешавад: умумӣ, махсус ва якдафъагӣ. Ваколатномаи умумӣ барои идоракунии молу мулк ва намояндагии манфиатҳои ваколатдиҳанда ба муҳлати дарозмуддат бо роҳи ба ҷо овардани амалҳои ҳуқуқии пай дар пай (доимӣ), аз ҷумла ҳар гуна аҳдҳо (аз ҷониби филиалҳо ва намояндагиҳо, шахсоне, ки аз номи шаҳрвандони ғайриқобили амал ва ғайра) дода мешавад. Ваколатномаи махсус барои ба ҷо овардани аҳдҳои ба ҳамдигар монанд ва дигар амалҳои ҳуқуқӣ (барои ба даст овардани воситаҳои нақлиётӣ, идоракунии онҳо, намояндагӣ дар мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА), аз соҳибӣ соқит кардани воситаҳои нақлиётӣ ва ғайраҳо) дода мешавад. Ваколатномаи якдафъагӣ ба намоянда ваколатро барои ба ҷо овардани аҳдҳои муайян ва дигар амалҳо (гирифтани музди меҳнат ё нафақапулии ваколатдиҳанда (вакилкунанда), ирсол кардани муросилот (бо роҳи почта ва ғайра) пешбинӣ мекунад.

«Ховар»:  Ба ваколатномаҳои тасдиқкардаи нотариусони давлатй кадом ваколатномаҳо баробар мешаванд?

Л. Мусоева: Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки ба ваколатномаҳои тасдиқкардаи нотариус ваколатномаҳои зайл баробар карда мешаванд:

— ваколатномаи хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигари дар госпиталҳо, санаторияҳо ва муассисаҳои дигари ҳарбии табобатӣ  муолиҷашаванда, ки аз ҷониби сардори чунин муассиса, муовини ў оид ба қисми тиббӣ, сардухтур ё духтури навбатдор тасдиқ шудааст;

-ваколатномаи хизматчиёни  ҳарбӣ  дар маҳалҳои  ҷойгиршавии қисмҳо, ҷузъу томҳо, муассисаҳои ҳарбӣ ва таълимгоҳҳои ҳарбӣ, ки идораҳои нотариалӣ ва мақомоти дигари анҷомдиҳандаи амалҳои нотариалӣ надоранд, инчунин ваколатномаи коргарону хизматчиён, аъзои оилаҳои онҳо ва аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки аз ҷониби командири (сардори)-и ин қисм, ҷузъу том, муассиса ё таълимгоҳ тасдиқ шудаанд;

— ваколатномаи шахсони дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшуда қарордошта, ки сардори маҳбасхонаи дахлдор тасдиқ кардааст;

— ваколатномаи шаҳрвандони болиғи қобили амали дар муассисаҳои ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  қарордоштае,  ки аз ҷониби маъмурияти ин муассиса ё роҳбари (муовини ӯ)  мақоми  дахлдори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардидааст.

Ваколатнома барои гирифтани музди меҳнат ва пардохтҳои дигари марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ, барои гирифтани мукофотпулии муаллифону ихтироъкорон, нафақаю ёрдампулӣ ва стипендияҳо, пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ва барои  гирифтани муросилот, аз ҷумла муросилоти пулӣ ва молу мулкӣ аз ҷониби ташкилоте, ки  ваколатдиҳанда дар он кор ё таҳсил мекунад, ташкилоти истифодаи манзилгоҳи маҳали зисти ў ва маъмурияти беморхонае, ки дар он ў муолиҷа мегардад, тасдиқ шуда метавонад.

Ваколатнома аз номи шахси ҳуқуқӣ бо имзои роҳбари он ё шахси дигари тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба ин  кор  ваколатдор ва гузоштани мўҳри ин ташкилот дода мешавад.

«Ховар»: Муҳлати амали ваколатнома чанд муддат буда метавонад?

Л. Мусоева: Муҳлати амали ваколатнома аз се сол зиёд буда наметавонад. Бояд зикр кард, ки дар ваколатнома муҳлати амали онро нишон додан ҳатмӣ нест. Мутобиқи моддаи 211 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар  дар ваколатнома муҳлат нишон дода нашуда бошад, он эътибори худро дар давоми як соли пас аз санаи дода шуданаш нигоҳ медорад. Вале талаботи ҳатмӣ барои ваколатнома – ин нишон додани санаи анҷом додани ваколатнома мебошад. Бинобар ин, моддаи 211 Кодекси гражаднӣ пешбинӣ намудааст, ки ваколатномае, ки санаи дода шуданаш зикр наёфтааст, эътибор надорад.

Мутобиқи моддаи 212 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ба ў ваколатнома дода шудааст, амалҳоеро, ки барои иҷрояшон ваколатдор шудааст, бояд шахсан анҷом диҳад. Намоянда метавонад иҷрои ин амалҳоро ба шахси дигар вогузор намояд, агар дар ваколатнома чунин ваколат дода шуда бошад.

Шахсе, ки ваколаташро ба шахси дигар вогузоштааст, бояд дар ин хусус шахси ваколатномадодаро огоҳ сохта, дар бораи шахсе, ки ба ў ваколаташро вогузоштааст, маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд. Дар сурати иҷро накардани ин уҳдадорӣ шахси ваколаташро вогузоркарда барои амалҳои шахсе, ки соҳиби ваколат шудааст, ҳамчун амалҳои худ масъулият бар дӯш мегирад.

Ваколатномае, ки мувофиқи тартиби ба шахси дигар вогузор намудани ваколат дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4 моддаи 210-и ҳамин Кодекси гражданӣ пешбинигардида, бояд дар идораи нотариалии давлатӣ аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ карда шавад.

«Ховар»: Дар кадом ҳолат шахс метавонад ваколатномаро қатъ намояд?

Л.Мусоева: Тибқи моддаи 213 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амали ваколатнома дар ҳолатҳои иҷро шудани амалҳои пешбинишуда дар ваколатнома,  гузаштани муҳлати ваколатнома, ваколатномаро бекор кардани шахсе, ки онро додааст, даст кашидани шахсе, ки ба ў ваколатнома дода шудааст, қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки аз номи он ваколатнома дода шудааст,  вафот кардани шаҳрванде, ки ба ў ваколатнома дода шудааст, ғайри қобили амал, дорои қобилияти маҳдуди амал ё бедарак  эътироф гардидани ў қатъ мегардад.

Шахсе, ки ваколатнома додааст, метавонад ҳар вақт ваколатнома ё ба шахси дигар вогузор намудани ваколатро бекор кунад ва шахсе, ки ба ў ваколатнома дода шудааст, метавонад аз он даст  кашад. Созишнома дар бораи даст кашидан аз ин ҳуқуқ эътибор надорад. Бо қатъи ваколатнома ба шахси дигар вогузор намудани ваколат низ беэътибор мегардад.

Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибати қатъи ваколатномаро пешбинӣ намудааст, ки шахсе, ки ваколатнома дода, минбаъд онро бекор  кардааст, вазифадор аст дар хусуси бекор кардани он ба шахсе,  ки ваколатнома дода шудааст, инчунин ба шахсони сеюми ба ў маълуме, ки  ваколатнома  барои  намояндагӣ  дар наздашон дода шудааст, маълум созад.

Таҳияи Лайло Тоирӣ

 

Январь 9, 2016 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ. Андешаҳои иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар ин хусус