М. Ҷабборӣ: «Маданияти ҳар як миллатро муносибати он нисбат ба зан муайян мекунад
Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ иқдомҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд, ки албатта, ин барои баланд бардоштани мақому манзалати занон ва обрӯи занони тоҷик як заминаи мусоид фароҳам овардааст»,- гуфт муовини сарвазири ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ имрӯз, 25 январ дар конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият», ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ба кори худ оғоз кард.
М. Ҷабборӣ илова намуд, ки Парвардигор танҳо ба зан қобилияти офариниши инсонро ато кардааст ва ҳар як сокини сайёра бояд ин офаридгор, яъне зан-модарро арҷгузорӣ намуда, гиромӣ дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ бо такя ва арҷгузорӣ ба ин олиҳаи муқаддаси инсоният ва бо меҳру муҳаббати фарзандӣ ва эҳтирому таҳсин тамоми неру ва кӯшиши худро барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа сафарбар намуда истодааст.
«Маданияти ҳар як миллатро аз муносибати он нисбат ба зан муайян мекунанд. Дар таърихи ташаккул ва рушди тамадуни мо муносибат ба зан , эҳтиром ва гиромидошти рисолати занон дар оила ва ҷомеа меъёри муҳими ахлоқӣ арзёбӣ мегардад. Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷомеа инкишоф ёфта истодаанд. Занон нигоҳдорандаи чароғи хираду маърифат ва ахлоқу маънавиёт дар оила ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд»,- илова намуд М.Ҷаборрӣ.
Хотиррасон мекунем, ки дар кори конфронс инчунин муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Юсуфӣ Хайриниссо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ва дигар занони фаъол ширкат доранд.
Дар конфронс маърӯзаҳо таҳти унвони “Занон нигоҳдорандаи забони модарӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон”, “Сарвари давлат пуштибони занон”, “Никоҳҳои хешутаборӣ: пайомадҳо ва таъсири он ба солимии ҷомеа” шунида мешаванд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид






