Маҷидзода Ҷурахон Зоир бо Ордени олии байналмиллалии “Ситораи тиллоӣ” сарфароз гардид

Январь 19, 2016 11:45

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеи Раёсати АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ба раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тартиби ҳуқуқӣ, мудофиа ва бехатарӣ, доктори илми ҳуқуқ Маҷидзода Ҷурахон Зоир Ордени олии байналмиллалии “Ситораи тиллоӣ”-ро, ки бо қарори Раёсати Академияи илмҳои байналмиллалии маҷмааи бехатарии Русия сарфароз гардонида шудааст, тақдим намуд.
Дар ҷаласа гузориши раиси Комиссияи арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институти астрофизика ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ муҳокима гардид.
Президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ роҳбарон, сармуҳосибон, муассисаҳои илмӣ, мудирони шуъбаҳои кадрҳои АИ ҶТ-ро бо маълумотномаи санҷиши аудитории фаъолияти молиявию хоҷагидории АИ ҶТ, ки дар моҳи ноябр-декабри соли 2015 аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, шинос намуд. Роҳбарони муассисаҳои АИ ҶТ вазифадор шуданд, ки то 25 январи соли 2016 камбудиҳои дар маълумотномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардидаро ислоҳ намуда, аз натиҷаи он ба Раёсати АИ ҶТ маълумот пешниҳод намоянд.

Январь 19, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд