Минтақашинос: Арабистони Саудӣ метавонад ба ифтитоҳи марказҳои фарҳангӣ-динӣ дар Тоҷикистон замина гузорад

Январь 5, 2016 17:36

Душанбе, 05.01.2016. (АМИТ «Ховар»). Охири ҳафтаи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кард. Дар мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Вобаста ба ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ Амриддин Шарифов-мудири кафедраи минтақашиносии ДМТ иброз дошт, ки Арабистони Саудӣ ба сифати кишвари аз лиҳози иқтисодӣ бонуфуз шарики боэътимоди Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ин рӯ муносибат бо ин кишвар аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад: «Арабистони Саудӣ якумин кишвари арабиест, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратхонаи худро ифтитоҳ намудааст ва Тоҷикистон низ бо нишони арҷгузорӣ ба равобит бо ин кишвар ва мақоми хосаи он дар сиёсати хориҷии худ сентябри соли 2008-ум сафоратхонаи худро дар Ар-Риёз ифтитоҳ бахшидааст. Дар чаҳорчӯбаи сафарҳои сардори кишвар аз соли 1997-2001 ва 2005 заминаи аҳдномавӣ-ҳуқуқии муносибати ду кишвар гузошта шуд ва боиси таъкид аст, ки баъди истиқрори сулҳи тоҷикон аввалин иқдоме, ки роҳбари давлати тоҷикон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон татбиқ намуд, ин адои Ҳаҷи умра ба нишони шукргузорӣ буд ва дар чаҳорчӯбаи ин иқдом ҳамзамон бо сарварони сиёсии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ доир гардида, аҳдномаҳои дуҷониба ба тавсиб расиданд»,-афзуд Амриддин Шарифов.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд баррасӣ гардид, ин муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкон доранд, ки дар соҳаи амният, аз ҷумла дар муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ- терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои барои ҳарду тараф мақбул ҳамкории судбахшро ба роҳ монанд. Амриддин Шарифов-минтақашиноси кишвар дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки сиёсишавии ислом имрӯз яке аз воситаҳои асосии барангехтани ихтилофҳои гуногуни кишварҳо гаштааст. Ба андешаи номбурда бо назардошти иқтидори иқтисодӣ нуфузи сиёсӣ ва мақоме, ки Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислом дорад, нақши боризе дар роҳи пешгирии терроризм мебозад ва Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо ин кишвар дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ метавонад манфиатҳои зиёд касб кунад: «Тавре ки маълум аст, дар минтақаи Шарқи наздик ва Шимоли Африқо бо назардошти ҳолатҳои бӯҳронӣ раванди сиёсикунонии ислом вусъат гирифт, ки ахиран ба мавҷи эътирозҳои расмӣ бар зидди ҳукуматҳо бо номи «Баҳори араб» мусоидат кард ва ин ҳаракатҳо нишон доданд, ки то кадом андоза сиёсикунонии ислом ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, метавонад оқибатҳои нохуш ба бор орад ва Арабистон, ки муҳофизи марказҳои муқаддаси ислом ба шумор меравад, метавонад дар ин самт ба мо ҳам кумаки моддӣ ва ҳам маънавӣ расонад ва мо бо истифода аз таҷрибаи ин кишвар метавонем, ки ҳам дар дохили кишвар эътиқодоти мардумро танзим намуда, ҳам ҷанбаҳои номатлубу унсурҳои манфии сиёсикунии исломро пешгирӣ намоем»,-иброз дошт мудири кафедраи минтақашиносии ДМТ.
Дар мусоҳибаи худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори рӯзномаи “аш-Шарқ ал-Авсат” оид ба хатарҳои номатлуби ҷаҳони имрӯза-терроризм ва экстремизм иброз дошт, ки ин мушкилоти аср бори дигар исбот менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надошта, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ба таъкиди Президенти кишвар имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгарӣ дорад, то мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намуда, ба нафъи ҳамкории созандаи ҳамаи неруҳои солими башарият хизмат намояд. Коршиноси масоили минтақавӣ Амриддин Шарифов ҳамкории Тоҷикистонро бо кишварҳои арабӣ, бахусус бо Арабистони Саудӣ муфид ва самарабахш номида. иброз дошт, ки чунин ҳамкорӣ заминаи хуб барои пешгирии ҳар гуна хатарҳои террористиву экстремистӣ дар Тоҷикистон шуда метавонанд: «Давлати Арабистони Саудӣ бо назардошти имконоти моддӣ метавонад, ки ба ифтитоҳи марказҳои фарҳангӣ-динӣ дар кишвари мо замина гузорад ва ҳамзамон бо кумаки Хазинаи исломии рушд мо метавонем силсилаи адабиётеро ба нашр расонем, ки дар он моҳияти исломи ноб, таълимоти фиқҳи исломӣ ва арзишҳои аслии исломӣ инъикос шуда бошанд. Инчунин мо метавонем, ки дар самти давлатӣ раванди коромӯзӣ ва таҷрибаомӯзии ходимони динӣ ва сиёсиро ба роҳ монем, то ки сатҳи дарку ҷаҳонбинии онҳо низ васеъ гашта, дар самти унсурҳои номатлуби динӣ як монеа эҷод намоянд»,- афзуд Амриддин Шарифов.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ миёни Тоҷикистону ин кишвар панҷ санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ба имзо расид.

Январь 5, 2016 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон