Шараф Шерализода бо Директори иҷроияи Маркази ҷануб мулоқот намуд

Ноябрь 21, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори иҷроияи Маркази ҷануб (South Centre) Карлос Корреа мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷануб (South Centre) дар самтҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, андозбандӣ ва тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маркази мазкур соли 1995 таъсис ёфта, ба пешниҳоди таҳлилҳо ва кумакҳои техникӣ дар самтҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, андозбандӣ, тандурустӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Ноябрь 21, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид