Муҳоҷират: 10218 шаҳрванди хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Тоҷикистон иҷозат гирифтанд
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар соли 2015 ба 192 субъекти хоҷагидор оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ, мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома ва ба 10 ҳазору 218 шаҳрванди хориҷӣ барои фаъолияти меҳнатӣ иҷозат дода шудааст. Аз ин ҳисоб 13 миллиону 888 ҳазору 960 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 11 миллиону 111 ҳазору 168 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ва 2 миллиону 777 ҳазору 792 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Хадамоти муҳоҷират ворид гардида, барои бо кор таъмин гаштани 40 ҳазору 848 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Аз 10 ҳазору 218 шаҳрванди хориҷии иҷозати кор гирифта, 9991 нафар аз хориҷи дур, 227 нафар шаҳрванди давлатҳои аъзои ИДМ мебошанд, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8244 нафар, дар вилояти Суғд 1443 нафар, дар вилояти Хатлон 495 нафар ва дар ВМКБ — 36 нафар.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






