Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Иёд Амин Маданӣ

Январь 4, 2016 17:18

Душанбе, 04.01.2016 17:15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Ҷидда Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуд.
“Мо ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳасана бо созмон ва кишварҳои аъзои онро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварамон медонем ва ояндаи онро нек арзёбӣ менамоем”, — изҳор дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо доир ба масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карда, аз ҷумла аз вазъи ноором ва ҷангу ҷидолҳо дар Сурия, Ироқ, Яман, Фаластин, Афғонистон ва як зумра кишварҳои дигари мусулмонӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Доман паҳн кардани терроризму ифротгароӣ, тезу тунд шудани ихтилофоти миёни мазҳабҳо ва дар ин замина афзоиш ёфтани исломситезӣ боиси ташвиши ҷиддӣ номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз манфиатдории Тоҷикистон ба ҳалли фарогири қазияи Афғонистон ёдовар шуда, бори дигар Созмони ҳамкории исломӣ ва кишварҳои аъзои онро ба мусоидати фаъол ба барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари азияткашида, аз ҷумла аз тариқи эҳёи иқтисодиёти он, даъват намуд.
Ҳарду ҷониб аз қабули «Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ» изҳори қаноат карда, дар чаҳорчӯби он баргузор шудани нахустин Анҷумани сармоягузорӣ барои кишварҳои ин минтақа дар шаҳри Душанберо “қадами хеле муҳим” номиданд.
Иёд Амин Маданӣ бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузаронидани Анҷумани ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи октябри соли 2014 ва зимни ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, сидқан арзи сипос кард.
Изҳори бовар карда шуд, ки тавсияву иқдомҳои дар ин анҷуман матраҳгардида дар нақшаҳои кории созмон барои оянда, аз ҷумла дар санади стратегии он — “Барномаи даҳсолаи амали СҲИ барои давраи то соли 2025” ба назар гирифта мешаванд.
Иёд Амин Маданӣ иттилоъ дод, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ моҳи апрели соли 2016 дар Истамбул баргузор ҳоҳад шуд. Ӯ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “шахсияти бузург миёни пешвоёни ислом ва дорандаи фикру андешаҳои амиқ” номида, аз ӯ даъват намуд, ки дар ин ҳамоиш иштирок намояд.

Январь 4, 2016 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд