Шоҳзода, Валии Валиаҳди Арабистони Саудӣ: “Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”

Январь 3, 2016 20:30

Душанбе, 03.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — “Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”, — изҳор дошт имрӯз Валии Валиаҳд, муовини дуввуми раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ар-Риёз.

Дар ин мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олӣ, ки имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳосил гардид, ба таври муфассал баррасӣ шуд.

Тавре иттилоъ доданд, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар баробари фаъолияташ дар мансабҳои олии мазкур ҳамчунин роҳбари Шӯрои оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди назди Ҳукумати Арабистони Саудӣ мебошад.

Аз ин хотир дар ин мулоқот бештар ба масоили вобаста ба дастгирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби хазинаҳои хайриявии Мамлакати Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар изҳор дошт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд.

Тавре аён гардид, роҳбарияти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳавасманди ба сатҳи сифатан нав баровардани муносиботаш бо Тоҷикистон аст.

Дар ин робита густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ манфиатбахш номида шуд.

Январь 3, 2016 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон