Мусобиқаи даставӣ оид ба футболи хурд
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади такмили тарбияи ҷисмонӣ ва ташвиқу тарғиби рушди варзиш дар ҷумҳурӣ аз 25 январ то 28 феврали соли 2016 дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи даставӣ оид ба «Футболи хурд» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» баргузор мегардад.
Дархостҳо барои иштирок дар мусобиқа аз тарафи ШҶ «Динамо»-и ВКД то 22 январи соли 2016 қабул мешаванд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом, Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 939-22-44-44, 907-904-771, 227-65-43, факс: 221-32-81.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






