Натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Январь 4, 2016 16:36

Душанбе, 03.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 3 январи соли 2016 маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Девони Маликӣ — Қасри Ямома доир гардида, ба ин хотир майдони назди қаср идона ороста шуда буд.

Ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон горди фахрии шоҳӣ саф ороста, парчамҳои ҳарду кишвар партавафшонӣ дошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Сипас сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод. Баъди садои суруди миллӣ ва гузориши Фармондеҳи горди фахрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аз назди сарбозони горди шоҳӣ гузашта, Сарвари давлати Тоҷикистон ба парчами давлатии Арабистони Саудӣ эҳтиром ба ҷо овард.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб шинос шуданд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Муҳокимаи мавзӯъҳои гуногун нахуст дар суҳбати хосаи сатҳи олӣ оғоз ёфта, сипас зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар идома ёфт.

Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Эмомалӣ Раҳмонро ба Мамлакати Арабистони Саудӣ хайра мақдам гуфта, аз имкони муҳокимаи бевоситаи масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвари дӯст изҳори хушнудӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз нахустин имкони дидор бо Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт: “Мо дар Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем”.

Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки “мардумон ва кишварҳои моро муштаракоти зиёди таърихию тамаддунӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайвандад”.

Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи муносиботи ду кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислому араб ва зиёда аз ин дар тамоми олам яке аз аввалинҳо шуда, истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ин давра бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ, аз ҷумла зимни се сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, миёни ду кишвар равобити хуби сиёсӣ ба роҳ монда шуд.

Зимни музокироти созанда доир ба роҳҳои таҳким ва густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ҳамгироии муштарак дар таъмини амну суботи минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳарду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои калидии глобаливу минтақавии сиёсати байналмилалӣ мавқеи ба ҳам наздик ё монанд ва барои дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳамёрии созанда доранд ва аз ташаббусҳову иқдомҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ доимӣ дастгирӣ менамоянд.

Дар робита ба ҳамкории амниятии ду кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  таъкид дошт: “Суботу амнияти Осиёи Марказӣ, ки бо хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ низ рӯ ба рӯ аст, пеш аз ҳама, бо вазъияти ташвишовари Афғонистони ба мо ҳамсоя сахт алоқамандӣ дорад” ва афзуд, ки “масъалаи ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон  дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад”.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ   имкон доранд дар соҳаи амният, аз ҷумла дар муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ —  терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои барои ҳарду тараф мақбул ҳамкории судбахш ба роҳ монанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои иқтисодӣ ва дастгириҳои молиявии Арабистони Саудӣ аз татбиқи чанд лоиҳаи инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва сохтмони чанд мактабу шифохона, бо қадрдонӣ ёдовар шуда,  ҳамзамон таъкид дошт, ки “ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯи зарфияту имкониятҳои имрӯзаи кишварҳои мо нест”.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон “имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем ва дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем”.

Иштироки ҷониби Арабистони Саудӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ аз қабили  сохтмони нерӯгоҳҳои барқии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, инчунин бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо амри матлуб дониста шуд.

Барои ин фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки ҷаласаи нахустинаш соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, зарур дониста шуд.

Ба ташкил ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва илмию фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар охири гуфтушунид Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ  дар соҳаи илм ва технология;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ.

 

Январь 4, 2016 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд