Омӯзиши меъёри қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҶСП «ТТ Мобайл»
Душанбе, 4.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Бо муроҷиати роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ Мобайл» барои баланд бардоштани сатҳи забондонии кормандони ширкат дар коргузорӣ ва хубтар омӯхтани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва меъёри забони адабӣ дар ҶСП «ТТ Мобайл» бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади машваратӣ баргузор гардид.
Дар он муовини раиси кумита — С.Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти кумита — Р.Зулфониён ва кормандони раёсат ва бахшу шуъбаҳои ҶСП «ТТ Мобайл» ширкат карданд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Матробиён оид ба риояи муқаррароти имлои ҳарфи «Ӯ» ва меъёри навишти он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 тасдиқ гардидааст, маърӯза намуд. Номбурда аз ин меъёри навишти ҳарфи «Ӯ» дар баъзе калимаҳо, ки аз соли 1998 инҷониб аз қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ хориҷ карда шудаасту ҳанӯз аз бехабариҳо ва нофаҳмиҳо то имрӯз дар истифода аст, сухан кард. Ӯ иброз дошт, ки бо назардошти чунин вазъи ба меъёри забони мо бегона, яъне навишти нодурусти калимаҳо дар ин маврид, имкони корбурди ин меъёр дар имлои забони тоҷикӣ дигар вуҷуд надорад ва ин қоидаву меъёри бофта ва сохтаи ғайритаърихӣ, ки асоси илмӣ надоранд, дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ислоҳ шудаанд.
Кормандон ширкат оид ба забони реклама ва истилоҳоти соҳавии худ дар фаъолияти кориашон суолҳо дода, ба онҳо муовини раиси кумита С.Матробиён ва сардори шуъбаи танзими истилоҳот Р.Зулфониён посухҳои мушаххас доданд. Муовини раиси кумита роҳбарияти ширкат ва кормандони онро ба ҳамкории пайваста дар роҳи рушду густариши забони давлатӣ даъват намуда, аз фаъолияти эшон дар самти дурусти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона миннатдорӣ баён карда, пешниҳод намуд, то дар ширкат ва миёни кормандон омӯзиши забони давлатӣ ва меъёри қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






