Паёми Пешвои миллат дастури раҳнамо барои миллат аст
Ёвон, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ёвон Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдор мебошанд. Дар мавриди дар амал иҷро намудану аз тариқи гурӯҳҳои таблиғотӣ шарҳ додану ба мардуми одӣ фаҳмонидани паёми навбатӣ сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон Файзулло Раҷабов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд:
-Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шаҳраку деҳот ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар, ки ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид, шуниданд.
Бояд гуфт, ки Паёми Роҳбари давлат аз ҷониби ҳама ҷомеаҳои меҳнатӣ ва сокинони ноҳия хуш пазируфта шуд ва аллакай дастгоҳи раиси ноҳия барои шарҳу тафсир ва ба мардум фаҳмонидани муҳтавои он се гурўҳи корӣ таъсис додааст, ки аъзои онҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъомаду вохўриҳо доир менамоянд.
Мо, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчун хизматчии давлатӣ иҷрои босифат ва саривақтии нуктаву хулосаҳо ва дастуру супоришҳои Паёми Сарвари давлатро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва малакаву таҷрибаамонро барои дар амал татбиқ гардидани ин дастури раҳнамо равона месозем.
Бовари комил дорем, ки дар сурати амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо боз ҳам ободу пешрафта гардида, сатҳи некўаҳволии мардум аз ин ҳам боло меравад.
Пирони рӯзгордидаи ноҳияи Ёвон Паёми Пешвои миллатро шунида, онро бо як эҳсоси баланди ватандӯстӣ пазируфтанд ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо раиси Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ёвон Қутбиддин Сафархолов чунин андеша дорад:
-Дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат, ки барои хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва кормандони вазорату кумитаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми халқи кишвар ҳамчун дастури раҳнамо маҳсуб мешавад, чун солҳои пешин дастоварду камбудиҳои ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо ва самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои соли равон муайян гардиданд.
Мо насли калонсол бо ҷонибдорӣ аз ин санади муҳим дар ҳар ҷамъомаду вохўриҳоямон бо мардум кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дастуру раҳнамоиҳои Роҳбари муаззами миллат дар ҳаёти сокинони ноҳия татбиқи амалии худро пайдо кунанд, зеро татбиқи Паёми Сарвари мамлакат кафолати сулҳу субот ва пешравию тараққиёт аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад






