Р. Ҳакимзода: «Амонатбонк қарзҳои хурдро бо фоизҳои нисбатан имтиёзноки “Судманд” пешниҳод намуда истодааст»
Душанбе, 19.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Амонатбонк ба муштариён қарзҳои хурдро бо фоизҳои нисбатан имтиёзноки “Судманд” пешниҳод намуда истодааст. Ин намуди қарз бештар ба кормандони соҳаи маорифу тиб, нафақагирон ва умуман дастгирии сатҳи иҷтимоии мардуми кишвар, бо роҳи ниҳоят содашудаи ҳуҷҷатгузорӣ тавассути филиалҳои «Амонатбонк» дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ пешниҳод шуда истодаанд»,-иброз намуд Ҳакимзода Руҳулло, раиси раёсати БДА «Амонатбонк» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Ҳакимзода Руҳулло бонк бо мақсади дастгирии сатҳи иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ, хусусан кормандони соҳаи буҷетӣ, қарзҳои овердрафтиро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба роҳ мондааст, ки истифодаи он қулаю дастрас мебошад.
Вобаста ба ин, ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо нисбат ба соли 2014 ба 1,5 маротиба зиёд гардида, ба зиёда аз 28 ҳазор дар ҳаҷми 1,3 млрд.сомонӣ (бе назардошти байнибонкӣ) дастраси мизоҷон гардонида шудааст.
Дар баробари ин, «Амонатбонк» дар соли 2015 барои дастгирии бонкҳои ватанӣ, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирии онҳо қарзҳои байнибонкӣ пешниҳод намуд.
Қарзҳои ҷудошуда ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба соҳаи кишоварзӣ-21,6%, саноат-19,6%, сохтмон-23,5%, истеъмолӣ-11,4%, тиҷорат-17,9%, нақлиёт-5,2% ва дигар соҳаҳо -0,8% дода шудаанд:
Дар соли 2015 бақияи сандуқи қарзии бонк бо назардошти қарзҳои байнибонкӣ 1,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2014 21% зиёд мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






