Р. Давлатов: Ҳеҷ кас дар ягон давру замон бе Ватану бе миллату бе фарҳанги миллӣ наметавонад эҳтиром ёбад

Январь 5, 2016 09:52

Душанбе, 05.01.2016 (АМИТ «Ховар»).–Шаҳри Хабаровски ФР ҳамчун пойтахти кишвари Шарқи Дур  дар соҳили дарёи бузурги Амур ва резишгоҳи дарёи Уссурӣ  30 км дуртар аз сарҳади Чин ҷойгир аст.

Номи шаҳр аз номи сайёҳ ва заминкушои рус Ерофей Павлович Хабаров гирифта шудааст, ки дар асри 17 ин мавзеъро кушода буд. Хабаровск аз Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 10 ҳазор км дур  ҷойгир буда, дар ин шаҳр дар баробари дигар миллатҳо садҳо ҳамватанони мо  сарбаландона  зиндагиву фаъолият доранд. Вакте мо  тавассути тайёра вориди шаҳри Хабаровск шудем, ҳаво борониву сард буд. Ҳангоми аз фурудгоҳ берун шудан аз ҳамсафарони тоҷик дар бораи ҳамватаноне, ки дар ин шаҳри дури ФР миёни мардуми тоҷик соҳибэҳтиром ҳастанд, пурсон шудем ва ҳамагон бо як овоз номи Раҳмоналӣ Давлатовро, ки ҳамчун соҳибкори муваффақ фаъолият доштааст, ба забон гирифтаанду моро роҳнамоӣ карданд, то бо ӯ вохӯрем. Аснои суҳбат мо дарк кардем, ки Раҳмоналӣ Давлатов на фақат дар соҳибкорӣ муваффақ аст, балки дорои ғурури баланди ватандӯстиву миллатдӯстӣ  низ  мебошад. Инак суҳбати мо бо ин марди ватандӯст перомуни кору зиндагиаш ҳам дар Ватан ва ҳам дар Шарқи Дур  пешниҳоди хонандагони нуктасанҷ мегардад:

«Ховар»:  Каме дар бораи худ маълумот медодед.

Р. Давлатов: Зодаи Тоҷикистони азиз ҳастам, аниқтараш дар шаҳри Қурғонтеппа дар оилаи коргар ба дунё омадаам. Падарамро ҳанӯз дар солҳои 50-ум бо аҳли оилаашон аз мавзеи Сари Хосор ба водии  Вахш муҳоҷир карда буданд. Дар оила 8 нафар фарзанд ҳастем. Падарамон коргари одии корхонаи равғанбарории шаҳри Қурғонтеппа буд, вале тавонист ҳамроҳ бо модарам ва  бо меҳнати ҳалол моро тарбияи хуб дода, ба воя расонад. Маълумоти миёнаро дар Ватан ва маълумоти олиро  дар Донишгоҳи давлатии ш. Хабаровск бо ихтисоси иқтисодчӣ гирифтам. Соли 1994 бо сабабҳои маълум ва танқисии рӯзгор ба кишвари Шарқи Дур сафар кардем.

«Ховар»: Сафар ба ин кишвари дур барои  як ҷавони тоҷике, ки дунёро надидааст, душвор набуд?

Р. Давлатов: Душвор буд, албатта, ҳатто ҳарос ҳам буд, ки мо дар шаҳри бегона  миёни мардуми ношинос чӣ кор мекунем. Вале гуфтаҳои падари бузургворам,  ки доимо мегуфт, инсон дар ҳама ҳолат бояд фаромӯш накунад, ки инсон аст, ҳамеша ҳалол меҳнат кунаду шаъну шарафашро ҳифз намояд  ва дигарон бояд дар симои ту нафареро бинанд, ки метавонӣ дасташонро бигирӣ, кумакашон намоӣ ва ақалан бо сухани хубе дилашонро  бардорӣ- ин суханҳо доимо дар ёдам буданд. Бисёриҳо суол мекунанд, ки чаро маҳз ин гӯшаи дурдасти Русияро интихоб кардӣ, мегӯям- шояд роҳи тақдир ҳамин будааст. Фаъолияти кориамро ҳамчун ёрдамчии  нонпаз аз як корхонаи хурди нонпазии ҳамватанамон дар ҳамин шаҳр оғоз кардам. Медидам, ки мардуми таҳҷоӣ бештар хостгори нонҳои танӯрии тоҷикӣ ҳастанд. Баъди чанд соли фаъолият аз бонки ш. Хабаровск қарз гирифтаву як корхонаи хурди нонпазиро бо дуои устодам  кушодам. Мақсадам таъмини мардуми тоҷик ва таҳҷоӣ бо нонҳои лазизу танӯрии тоҷикӣ  ва дар ин замина муаррифии нонҳои  тоҷикӣ ва фарҳанги бои мардумамон буд. Як нуктаро мехоҳам таъкид созам, ки ҳеҷ кас дар ягон давру замон бе Ватану бе миллату бе фарҳанги миллӣ наметавонад шинохта бошаду эҳтиром ёбад.  Шояд ин ба назари бархе хандаовар намояд, вале як худи сохти танӯри тоҷикӣ, ки дар он ниёгонамон имрӯз ҳам нонҳои лазиз мепазанд, аз қадимиву таҳҷоиву ориёӣ будани мардумамон дарак медиҳад. Мо дар куҷое бошем, дар кадом сатҳе бошем, ифтихор аз он дорем, ки соҳибватану соҳибфарҳангу соҳибтамаддунем ва бубинед, дар бисёр маврид намепурсанд, ки ту чӣ қадар сарвату мол дорӣ, балки мепурсанд, ки ватанат куҷосту кадом миллат ҳастӣ. Ман дар болотар сабаби омаданамро ба ин диёри дурдаст гуфтам, зеро он вақт ҳеҷ кас бовар надошт, ки Тоҷикистон боз  тинҷ мешаваду обод.

Маҳз сиёсати созандаву ободкоронаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистони моро дар арсаи олам садҳо давлат шинохтаву эътироф карда, бо мо  ҳамкорӣ доранд. Вақте дар Ватан тинҷиву амонӣ ҳаст, мо ҳам дар ин ҷо сарбаланду осудаем ва чун як нафар фарди тоҷик хизмат ба ватанро барои худ ҳам қарз медонему ҳам фарз.

«Ховар»: Мо ҳангоми суҳбат бо ҳамватанон фаҳмидем, ки  корхонаи нонпазии Шумо тамоми шаҳри Хабаровск ва атрофи онро бо нонҳову чаппотиҳои тоҷикӣ  таъмин месозад?

Р. Давлатов: Имрӯз дар корхонаи мо бештар аз 50  нафар ҳамватанон, ки бисёрашон бо оилаҳояшонанд, фаъолият доранд. Мақсади аввалиндараҷаи мо  бо кор таъмин ва бо шароити хуби корӣ таъмин кардани ҳамватанон мебошад. Мо бо коргарон кӯшиш мекунем, ки дар бозори истеъмолӣ мавқеи худро аз даст надиҳем ва маҳсулоти нонии мо бояд ба талаботи мавҷудаи истеъмолкунандагон ҷавобгӯ бошаду бо бовар гӯянд, ки нонҳои тоҷикӣ дар таъму лаззат назир надоранд.

«Ховар»: Шумо солиёни зиёд дар ин ҷоед, вале дар ҳама чорабиниҳои милливу сиёсии Тоҷикистони азиз дар Хабаровск ҳамчун сарпараст фаъолона ширкат мекунед?

Р. Давлатов: Дар ин гӯшаҳои дурдасти ФР аслан мардуми моро маҳз аз рӯи расму оину таомули миллиамон мешиносанду эҳтиром мекунанд ва чун дар ҳама чорабиниҳо мардуми таҳҷоӣ бо фарҳангу ороишоти дастурхондории мо, бо китобҳову мусаввараҳое, ки дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонамонро инъикос кардаанд, бо нонҳои лазизи тоҷикона, паҳлавонҳои мағлубнашавандаи мо, сӯзаниву чакандӯзиҳои мо, ки дар ҳар нақши онҳо як ҳикмате аз асилзодагиву волохирад будани мардуми тоҷик  ниҳон аст, бо он ки мардуми мо ин қадар ватанашон, забонашон, оини миллаташонро дӯст медоранду ҳифз мекунанд, ошно мешаванд ва эҳтиромашон ба халқи мо дучанд мешавад. Имрӯз вақти он аст, ки ҳар як нафаре- хоҳ дар ватан бошаду хоҳ берун аз он шукронаи тинҷиву амонии Тоҷикистони азиз, соҳибистиқлолии Ватанро карда, мувофиқи имконият бояд дар ободии Ватан  саҳмгузор бошад, номи миллату ватанро баланд бардорад ва ҳар куҷое бошад,  хоҳ варзишгару хоҳ коргари одӣ ва донишҷӯ бо шукргузорӣ аз ободиҳои ватан бо сарварии Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор гӯяд, ки ман тоҷик ҳастаму кӯшиш бар он дорам, ки номбардори номи неки миллату ватани хеш гардам.

«Ховар»: Ба шумо барори кор хоҳонем  ва ташаккур барои чунин  суҳбати пурмуҳтаво

Р. Давлатов: Пеш аз ҳама, ба Ҳукумати ҶТ ва ба шумо  миннатдории худро баён мекунам, ки омада. аз кору зиндагии мо огоҳ  гардидед.

Мусоҳиб  Садбарги Боқӣ

 

 

 

 

 

 

 

Январь 5, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКОН ҶАҲОНРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД! Барномаи «Дурахшандагон» ба ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон кумак мерасонад
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»