Р. Раҳмоналӣ: “Марзбонони тоҷик аз уҳдаи ҳифзи сарҳади давлатӣ баромада метавонанд“
Душанбе, 27.01.2016.(АМИТ „Ховар“).- „Марзбонони тоҷик дар ҳамкорӣ бо дигар ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии кишвар аз уҳдаи ҳимояи сарҳади давлатӣ баромада метавонанд“. Ин матлабро Раҷабалӣ Раҳмоналӣ- муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КДАМ/, сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар зикр кард.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар посух ба саволи вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффоров дар иртибот ба вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зикр кард, ки вазъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташвишовар аст. Қисми зиёди минтақаҳои вилоятҳои Афғонистон, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад ҳастанд, ба мисли Тахор, Қундуз ва Бадахшон зери назорати гурӯҳҳои террористӣ, хусусан “Толибон“ қарор доранд. Аз ин рӯ, дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ вобаста ба вазъи кунунӣ гурӯҳҳои иктишофии /разведкавии/ махсусро таъсис додем,- таъкид кард сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и кишвар.
Ҳамзамон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зикр намуд, ки бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо, бахусус Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои таҳкими сарҳади давлатӣ ба таври густурда ба роҳ монда, якчанд маротиба машқҳои ситодӣ дар худи хатти сарҳад гузаронида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ тағйирот ворид намуданд, ки ин тағйирот сохтори қӯшунҳои сарҳадиро дар таҳрири нав муқаррар менамояд.








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






