Рашт: Олимпиадаи минтақавии хонандагон ҷамъбаст гардид
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар даҳаи аввали моҳи январи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Рашт олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.
Аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаффоф гузаронидани олимпиада масъалаҳои хаттию тестии сабқат таҳия гардида, барои омӯзгорони санҷишгар ва иштирокдорони ин мусобиқаи зеҳнӣ тамоман нав буданд.
Дар олимпиадаи мазкур 290 хонанда ва 36 нафари дигар берун аз рӯйхати дархостии идораҳои маорифи ноҳияҳои минтақа иштирок намуданд. Аз 36 нафар 5 хонанда комёб шуданд. Олимпиада бо чунин натиҷаҳо ҷамъбаст гардид: Рашт: 13 медали тилло,12 нуқра ва 15 биринҷӣ, ҷамъ 40 медал. Нуробод: 3 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ, ҷамъ 12 медал. Ҷиргатол: 3 медали нуқра, 7 биринҷӣ, ҷамъ 10 медал. Ҷамоати деҳоти Сағирдашт: 5 медали тилло,3 нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷамъ 9 медал. Тавилдара: 2 медали тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ, ҷамъ 8 медал. Тоҷикобод: 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ, ҷамъ 4 медал.
Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии навоҳии минтақаи Рашт ва ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо вуҷуди муваффақиятҳо нишон дод, ки ба ин сабқат на ҳамаи хонандагон бо тайёрии комил ҳозир шудаанд. Савияи дониши хонандагон ҳам гуногун буда, аз 14 хонандаи синфи 9, ки дар олимпиада аз фанни забони англисӣ иштирок карданд, танҳо як нафар ҷойи дуюмро ишғол намуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






