Рисолаи илмии 81 олими хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳимоя шудааст
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Соли 2015 дар шӯроҳои диссертатсионии Тоҷикистон 38 рисолаи докторӣ ва беш аз сесад рисолаи номзадии олимони соҳаи физикаву математика, химия, тиб, филология, таърихшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогӣ ва иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Тибқи иттилои Академияи илмҳо аз шумораи умумии дифоъкардагон 81 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз ҷумла, 61 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Ироқ, 4 шаҳрванди Федератсияи Русия, 5 шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон, 3 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия ва 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рисолаҳои номзадии худро дар Тоҷикистон ҳимоя кардаанд.
Бояд гуфт. дар мамлакат ба ҳисоби умумӣ 23 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз рӯи 37 ихтисос корҳои илмӣ дифоъ мешаванд. Олимони хориҷӣ низ имкон доранд ба ин шӯроҳои диссертатсионӣ тадқиқоти илмии худро пешниҳод кунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






