С. Қодирзода: «Ба кишварамон ғалла бештар ворид гардид, аммо воридоти орд коҳиш ёфт»

Январь 29, 2016 15:20

Душанбе, 29.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Ба Тоҷикистон дар соли 2015 беш аз 858 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 84 ҳазор тонна ё 10,8% зиёд аст»,- гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Саъдӣ Қодирзода -сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар соли сипаригардида ба кишвар гандум бо нархи 285 доллари амрикоӣ барои як тонна ворид карда шуд. Назар ба иттилои сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ алҳол бозори воридоти ғалла дар кишварамон рақобатпазир буда, беш аз 100 субъекти хоҷагидор дар он иштирок доранд. Ҳамзамон Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки дар қиёс ба воридоти ғалла дар соли сипаригардида ба ҷумҳурӣ воридоти орд коҳиш ёфтааст. Зикр гардид, ки дар ин давра ба кишварамон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор беш аз 140 ҳазор тонна орд бо нархи 407 доллари амрикоӣ барои як тонна ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли 2014 беш аз 48 ҳазор тонна кам буда, 74,3 % соли 2014 -ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии бозори молии орд бо назардошти истеҳсоли худӣ наздики 600 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар ин давра аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори ватанӣ беш аз 460 ҳазор тонна орд истеҳсол шудаст, ки 53, 3% орди дар соли 2014 истеҳсолгардидаро ташкил медиҳад.
Дар нишасти хабарӣ зикр гардид, ки болоравии нархи ордро дар ин давра соҳибкорон ба коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ нисбат ба доллар рабт дода, ин тамоюл ба он соҳибкороне, ки ба кишвар орд ворид менамоянд, таъсири манфӣ расонидааст, зеро нархи як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон дар соли 2014 маблағи 20,35 доллари амрикоӣ муодил ба 101,13 сомонӣ (қурби сомонӣ дар соли 2014) -ро ташкил дода бошад, пас дар соли 2015-ум 20,35 доллари амрикоӣ муодил ба 147,53 сомониро ташкил дод.
Таъкид шуд, ки дар соли гузашта нархи фурӯши орд дар бозорҳои истеъмолии кишвар вобаста ба навъи он аз 153 то 190 сомониро ташкил дод.

Январь 29, 2016 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид