С.Тағойзода: Бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат 1 миллион гуреза аз мулки бегона ба ватан баргардонида шуд
Душанбе, 25.01. 2016 (АМИТ «Ховар») .-«Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият» моро имрӯз водор менамояд, ки саҳифаҳои аввали таърихи соҳибистиқлолии ватанамонро варақ гардонем. Ин саҳифаҳои дурахшонро мо метавонем бузургтарин бозгашти сарнавишти Тоҷикистон номем»,-гуфт Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар имрӯз зимни конфронси ҷумҳуриявӣ.
Ба гуфтаи вазир, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 миллион гурезагон аз мулки бегона ба ватан баргардонида шуда, ҳаёти осоишта ва муътадилро оғоз карданд. Хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезаҳои иҷборӣ ба ватан, муттаҳидкунии ҷамъияти пароканда, барқарории сулҳ, ҷорӣ намудани принсипҳои демократии давлатдорӣ, пойдор намудани тараққиёти иқтисодии давлат аз дастовардҳое мебошанд, ки бо шарофати Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
«Масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ пайваста дар мадди назари роҳбарияти давлат қарор доранд. Танҳо дар соли 2015 ба беш аз ҳазор нафар занон дар ҳаҷми беш аз 6 млн. сомонӣ кумаки молиявӣ ва қарзҳои имтиёзнок дода шуданд»,-илова намуд С.тағойзода.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 25 январ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият” доир гардид.
Дар конфронс муовини Сарвазири ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Юсуфӣ Хайриниссо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ва дигар занони фаъол ширкат намуданд.








Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст






