Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Январь 2, 2016 16:49

Душанбе, 02.01.2016 (АМИТ «Ховар).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода, Раиси ҶСК “Агроинвестбонк” Муродалӣ Алимардон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Январь 2, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон