Сафири навинтихоби ИМА Элизабет Миллард ба Душанбе омад
Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Сафири навинтихоби ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет И. Миллард баъди адои савганд, ки маросими он 14-уми декабри соли 2016 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, ба Душанбе барои иҷрои вазифаи мазкур омад.
Хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии ИМА буда, дорои рутбаи баланди мушовир-фиристода мебошад. Ҳангоми адои вазифа дар Ҳиндустон ва ба ҳайси муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, минҷумла ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таҷрибаи бой ва дониши кофиро марбут ба ин манотиқ ба даст овардааст.
Сафир Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намудааст. Ӯ инчунин дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият намуда, якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст. Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Дели, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани”дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст.
Сафир Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Хонум бо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва бо забони русӣ ҳарф мезанад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






