Сафорати ИМА машқҳо барои таъмини амниятро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегузаронад
Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 23 январ Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ва Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмини тадбирҳои амниятӣ дар сафорат машқҳоро гузаронид. Машқҳои мазкур авҷи давраи омӯзишие шуданд, ки аз ҷониби Идораи амнияти минтақавии Сафорати ИМА барои баланд бардоштани иқтидору омодагии қувваҳои таъйиноти махсуси вазорат ба ҳолатҳои фавқулодда маблағгузорӣ шуданд. Давраи омӯзишии мазкур аз мавзӯъҳои истифодаи асосноки қувва, усулҳои дастгир кардан, ҳаракатҳои тактикӣ, таъмини алоқа ва расондани ёрии аввалини тиббии таъҷилӣ иборат буд. Сафорати ИМА дар соли 2016 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои гузарондани якчанд давраи омӯзишӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






