Саразм дар ҳолати ба феҳристи байналмилалӣ надаромаданаш низ ба тамаддуни ҷаҳонӣ ҳақ дорад

Январь 7, 2016 13:54

Суҳбати ихтисосии рӯзноманигор Шервони Умриддин бо номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, мудири кафедраи бостоншиносӣ ва мероси ниёгони ДОТ дар шаҳри Панҷакент Шарофиддин ҚУРБОНОВ

 -Сабабҳои оғози ҳафриёти Саразми бостонӣ кадомҳоянд?

-Сабаби асосии оғози ҳафриёти Саразми бостон асосан сокини деҳаи Авазалӣ, иштирокчии ҶДҶ Ашӯралӣ Тайлонов мебошад, ки тирамоҳи соли 1956 табари биринҷӣ ва чанд намуди дигар бозёфтҳои замони энеолит ва биринҷиро ёфта оварда, ба Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент супорид. Маъмурияти Осорхона бозёфтҳоро барои шинос шудан ва маълум намудани рӯзи таърихии он ба мудири пойгоҳи бостоншиносии шаҳри Панҷакент Абдуллоҷон Исҳоқов пешкаш менамоянд.

Устод Абдуллоҷон Исҳоқов бо дидани чунин бозёфтҳо, зуд бо гурӯҳи кории худ ба сӯи Саразми бостон ҳаракат мекунад ва макони ин бозёфтҳои нодирро муайян менамояд. Дар натиҷаи пажуҳиш маълум гардид, ки ин ёдгории нодир ба замони энеолит ва биринҷии барвақт тааллуқ дорад.

-Саразми бостон чанд давраи таърихиро аз сар гузаронидааст?

-Саволи додаатон соволи бисёр хуб аст. Олимон ин давраҳоро аз нуқтаи назари худашон тақсим кардаанд. Давраҳои таърихии Саразми бостон дар асари илмии устод Абдуллоҷон Исҳоқов бо номи “Саразм” (нашриёти “Дониш”, соли 1991) оварда шудаанд, ки чунинанд:

Саразм:  давраи 1 солҳои 3500 3200 то асри мо;

         Саразм:  давраи 2 солҳои 3200 2900 то асри мо;

         Саразм:  давраи 3 солҳои 2900 2700 то асри мо;

         Саразм:  давраи 4 солҳои 2700 2000 то асри мо;

Баъзе олимон мегӯянд, ки солҳои 2700, 1900, 1800 то мелод- умуман ин санаҳо то ҳол тасдиқи аниқи худро наёфтаанд. Чунки баъзе фикру ақидаҳои олимони Фаронса нисбат ба гузариши 1500 сол мавҷуданд,  яъне Саразми бостон аз оғоз то фано 1500 солро дарбар мегирад. Баъзе олимони Фаронса баъзеяшон ба ин ақида муқобил мебароянд ва мегӯянд, ки набояд одамон дар чунин давраи дуру дароз зиндагӣ кунанд, яъне дар хонаҳое, ки болои ҳам сохта шудаанд ва деворҳояшон бисёр бориканд- 40 – 45 см ғафсӣ доранд. Мо инро аз рӯйи ёдгории имрӯзаи Панҷакенти қадим мебинем, ки ғафсии деворҳояшон 1, 5 – 2 метр аст ва таърихи 1500-сола доранд ва то ин давра бо як азоб истодаанд. Баъд санаҳои давраҳои таърихии Саразми бостон дар озмоишгоҳҳои замонавии Амрико, Фаронса, Олмон ва Русия муайян карда шудаанд. Ин санаҳое, ки гуфтем- Саразм 1, Саразм 2, Саразм 3, Саразм 4- ин давраҳои таърихиеанд, ки мардум дар ҳамин давраҳо зиндагӣ кардаанд. Яъне, Саразми 1 ба замони энеолит тааллуқ дорад ва Саразми 2, 3 ба давраи биринҷии барвақтӣ, яъне айни давраи гулгулшукуфии замони биринҷӣ ва давраи 3- ин аз байн рафтани ҳамин ёдгорие, ки боз дар поин ба он бармегардем.

-Бозёфтҳои Саразми бостон чӣ миқдоранд?

-Дар Саразми бостон гуфтан мумкин аст, ки бозёфт ҳаду канор надорад, бозёфтҳои ёфтшуда, албатта, чунки ҳамин меъмориҳое, ки мо ёфтем, инҳо ҳам аз бозёфҳои нодири Саразми бостон ба шумор мераванд. Ин хонаҳои истиқоматӣ чор намуди иморатро дар бар гирифта буданд: — хонаҳои  истиқоматӣ, хоҷагӣ, маросимӣ, яъне маъбадҳои динии ҳамондавра, ки ба давраи бузург тааллуқ доштанд ва ҷамъиятӣ – маъмурӣ, ки анборҳои ғалладонаҳои калонро дарбар мегирифтанд, ки ин барои тамоми мардуми Саразми бостон чи хеле ки ҳозир анборҳои захираҳои ғалла дорем, дар ҳамон давра ҳам қавму қабилаҳо биноҳои маъмурӣ доштанд, ки ғаллаҳоро дар ҳамон ҷо нигоҳ медоштанд. Ҳамаи ин биноҳо бо хиштҳои қолабӣ аз омехтаҳои коҳу гил сохта шудаанд. Саразмиён ҳосил намудани биринҷӣ – яъне омехтаи мис бо қалъагиро ёд гирифтанд, ки дар натиҷа метали биринҷии асилро ба даст оварданд, ки аз он корду ханҷар, табар, тешаҳо, паймони найзаҳо ва сарсӯзанҳо месохтанд.

Бозёфтҳои хумдонҳои дуқабатаи мудаввар ва чоркунҷа барои пухтани зарфҳои сафолӣ, ки кулолгарони саразмӣ ин истеҳсолотро ҳанӯз 5000 сол пеш аз худ намуда буданд, далели ин гуфтаҳост.

Инчунин ҳунармандӣ, косибӣ, заргарӣ ба дараҷаи баланди худ расида буд, ки ин аз рӯи коркарди санги осиёи дастӣ, боркашҳои бофандагӣ, аз сангҳои қиматбаҳо тайёр кардани шаддаю марҷонҳо ва ғайра башорат  медиҳанд.

-Сабаби ба феҳристи байналмилалии ЮНЕСКО дохил шудани Саразми бостон чист?

-Саразм дар мавриди ба феҳристи байналмилалӣ надаромаданаш ҳам ҳаққи тамаддуни ҷаҳонӣ дорад, зеро ба ҳамаи гуфтаҳои боло ва меъёрҳои илмию фарҳангии он ҷавобгӯй буд. Ин ташкилоти илмию фарҳангии байналхалқӣ ҳамаи ин меъёрҳоро  ба инобат гирифта, 31 – уми июли соли 2010 ёдгории Саразмро дар сессияи 34 – уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ аз рӯи чунин хусусиятҳо шомил кард:

  1. Аҳамияти муҳими таърихӣ.
  2. Мавқеи ҷойгиршавии географии он.
  3. Маданияти баланди коркарди металлҳои ранга.
  4. Ташаккули маданияти кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ.

Намояндагони ЮНЕСКО ҳар сол дар Саразми бостон корҳои созандагиро ба анҷом мерасонанд.

-Чаро ин мавзеъ Саразм ном гирифт?

-Дар асари илмии устод А. Исҳоқов иқтибос оварда шудааст, ки олими суғдшиноси рус Владимир Аронович Лившитс Саразмро ҳамчун калимаи қадимии суғдӣ шарҳ дода, маънои онро сари замин, яъне оғози саршавии замини паҳно гуфтааст. Саразм низ дар сарҳади кӯҳистону паҳно ҷойгир шудааст.

-Ҳафриёти охирин дар Саразми бостон кай гузаронида шуд?

-Ҳоло ҳафриёти нав оғоз ёфта истодаанд. Соли сеюм аст, ки бостоншиносони Фаронса бо шартномаи байни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИҶТ ва Маркази миллии тадқиқотии илмии Фаронса дар Саразми бостон кор карда истодаанд.

-Таърихшиносоне, ки оид ба ин мавзеи таърихӣ ҳафриёт гузаронидаанд, киҳоянд ?

-Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд, аз соли 1984 то соли 1997 ва аз соли 2010 то имрӯз экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. Исҳоқов, М. Исҳоқова, Л. Т. Пянкова, У. Эшонқуллов, А. Р. Разоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р. Каримова, Р. Раҷабов, Ш. Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ) ва А. П. Франкфорт, Р. Безенвал, Б. Лионне, Ж. Вилкокс, М. Казанова, Сесброн Фобиан, Жон Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳ, қабатҳои маъданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом додаанд.

Дар соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико – К. К. Ламберг – Карловский ва Ф. Кол, дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузарониданд. Ҳамин тавр тадқиқоти муштараки бостоншиносони Русия, Фаронса, Амрико, Италия бо бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини халқи тоҷик ҳиссаи худро мегузоранд.

-Нақшаҳои оянда дар ҳафриёти Саразми бостон чӣ гунаанд?

-Ҳамкории бештар бо фаронсавиҳо дар назар аст. Омӯзиши бозёфти Саразм дар зарфи 30 сол. Ҷамъбасти хулосаҳои илмӣ ва баровардани монографияҳою мақолаҳои илмиву оммавӣ дар хориҷу дохили ҷумҳурӣ дар назар аст.

-Оё олимони ҷавон низ ба омӯзиши Саразми бостон машғуланд?

-Имрӯз мушкилии нарасидани кадрҳои илмӣ дар ҳамаи соҳаҳо мушкилии рақами як мебошад. Имрӯз мо аз бостоншиносони касбӣ танқисӣ мекашем. Бостоншиносони ҷавон умуман намерасанд. Аз замони пош хӯрдани СССР шумораи бостоншиносон коста гардид.

Бостоншиносони солҳои 50 – уми асри гузашта ҳама ба нафақа рафтаанд. Имрӯз синни миёнаи бостоншиносони ҷавон ба 40 – 50 мерасад. Ҳозир як нафари ҷавон ба омӯзиши Саразми бостон ва Панҷакенти қадим машғул аст.

— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай шаҳраки Саразмро ёдгории таърихӣ эълон кард ?

-Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимии дорои таърихи 5500-солаи Саразми бостон дар шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули маданияти фарҳангӣ, заминдорӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

Мусоҳиб

Шервони УМРИДДИН

 

Январь 7, 2016 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат